9 Ноябр 2020 - 21:16
Корона ҷони 458 эронии дигарро гирифт

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз даҳ ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 458 нафар дар 24 соъати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

ABNA24: Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Симосодоти Лорӣ- сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи душанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: Дар 24 соъати гузашта 10 ҳазору 463 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 3 ҳазору 574 нафар бистарӣ шуданд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмуи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 692 ҳазору 949 нафар расидааст афзуд: Маҷмуи қурбониёни корона дар ин кишвар низ ба 38 ҳазору 749 нафар расидааст.

342/